Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 January 2017

    Дар  бораи  тасдиқи ҷадвали  навбатдории шабонарӯзии  роҳбарияти  мақомоти  иҷроияи   маҳаллии   ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе  ва ноҳияҳои он

 

         Бо  мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр,  зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон  дар мавсими зимистон, мутобиқ ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р      М Е К У Н А М :

        1. Ҷадвали навбатдории шабонарӯзии  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар мавсими зимистон тибқи замима  тасдиқ шавад.

        2. Муқаррар карда  шавад, ки  ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ  шахсони мансабдори идора ва сохторҳои  ҳудуди шаҳр  новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ барои  мусоидат   намудан  дар   ҳаллу фасли мушкилоту  ниёзмандиҳои сокинони  шаҳр,  масъулияти шахсӣ доранд.

        3. Ширкати cаҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» (Исмоилзода М.И.) Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Маркази барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе», «Маркази барқию гармидиҳии №2 », дегхонаҳои «Ғарбӣ»ва «Шарқӣ» (Ниёзов У.С.) ҷиҳати роҳандозӣ намудани чораҳои  зарурӣ дар ташкили навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои онҳо,  қабули  муроҷиатҳои  шаҳрвандон дар робита  бо  беҳбуд  бахшидани  хизматрасониҳои  энергияи  барқ,  истеҳсол ва дастрас намудани энергияи гармӣ   мусоидат намоянд.

        4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.), муассисаҳои   давлатии рӯзномаи  «Паёми   Душанбе»  (Ш.Ҳусейнзода) ва «Телевизиони Пойтахт» (С.Рауфзода) муҳтавои қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ва  сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба сокинони шаҳр  расонанд.

        5.  Назорати  таъмини иҷрои  қарор   ба зиммаи роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.        

                                                                                           

 

                                                                                                   Рустами   Эмомалӣ

 

 ҶАДВАЛИ

навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои  он дар мавсими зимистони соли 2017