Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 January 2017

Имрӯз (28.01.2018) Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и пойтахт боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни шиносоӣ Раиси шаҳр ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофибар, бахусус тароллейбусҳо   мароқ зоҳир кард.

Таъкид гардид, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.

Зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарӣ ва техникии корхона ба фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда ва ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тавре зикр гардид, баробари фароҳам омадани шароити лозимӣ, ба вижа таъмини бемамониати  қувваи барқ фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, махсусан троллейбусҳо бояд ба таври куллӣ беҳтар карда шавад.

Роҳбари шаҳр ҷиҳати таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофирон дар назди масъулини корхона вазифаҳои мушаххас гузошт. 

Аз ҷумла, бо ҷалби воситаҳои техникию нақлиёти тозабакори фарогирифташуда хизматрасонӣ ба мусофирон дар  2  баст (то соати 23:00 шаб)  ба роҳ монда шавад.

 

Инчунин, вобаста ба беҳтар кардани вазъи имрӯзаи корхона, аз ҷумла таъмиру таҷдиди минтақҳои таъмирталаби хатҳои барқтаъминкунанда ва мумфарш(асфалтпӯш) намудани даромадгоҳҳои корхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд .