Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 January 2017

Дар бораи даъват намудани иљлосияи нуњуми ѓайринавбатии Маљлиси  вакилони  халќи шањри Душанбе, даъвати  панљум

Мутобиќи моддањои 12, 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии ЉумњурииТољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» 

 

ЌАРОР МЕКУНАМ:

 

     1. Иљлосияи нуњуми ѓайринавбатии Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, даъвати панљум 7 феврали соли 2017, соати 09:00 дар  толори   маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе, воќеъ дар хиёбони Рўдакї, 80 даъват карда шавад.

    2.  Ба рўзномаи иљлосияи  нуњуми ѓайринавбатии Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, даъвати панљум,  масъалањои зерин дохил карда шаванд:

     2.1. Ахбори муовини якуми Раиси шањри Душанбе Зувайдзода М.М. дар хусуси рафти омадагињо ба таљлили љашни байналмилалии «Наврўз-2017».

     2.2. Ќатъ намудани ваколати вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе аз њавзаи интихоботии №62.

     2.3. Дар бораи таъин намудани интихобот дар њавзаи интихоботии №62.

2.4. Дар бораи таъсис додани комиссияи шањрї оид ба интихобот ба Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе.

         3. Оид ба омода намудани масъалањои рўзномаи иљлосия гурўњи корї дар њайати замимагардида таъсис дода шавад.

4. Шуъбаи тањлилї ва иттилоотии дастгоњи Раиси шањри Душанбе (Њакимзода А.У.) бо тартиби муќарраргардида  муњтавои  ќарори мазкурро аз тариќи воситањои ахбори омма пахш намояд.

5. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи роњбари дастгоњи Раиси шањри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад. 

 

 

Рустами Эмомалї