«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 February 2017

 Дар бораи тасдиќ намудани наќшаи чорабинињои  маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе доир  ба татбиќи Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020 

Мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї», моддањои 6 ва 9 Ќонуни  Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)»,  моддаи 15 Ќонуни  Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

 

ЌАРОР   МЕКУНАМ :

 

1. Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020» ба роњбарї гирифта, мавриди иљро ќарор дода шавад.

2. Наќшаи чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе оид ба татбиќи Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солњои 2017-2020 тибќи замима тасдиќ карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шањри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шањри Душанбе Муинї М.М., раисони ноњияњои шањри Душанбе (Табарзода Љ.А., Њакимзода Н.Њ., Самї Ш. Њ., Салимзода Н.Ф.), Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе (Ќунѓуротзода Ф.Ќ.), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе (Салимов А.М.) ва дигар сохторњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр ва ноњияњои он  љињати иљрои наќшаи чорабинињои зикршуда тадбирњои зарурї андешанд.

4. Шуъбаи маъмурию њуќуќии дастгоњи Раиси шањри Душанбе рафти иљрои наќшаи чорабинињои зикршударо њамасола тањлил ва љамъбаст намуда, аз натиљааш то 31 декабр ба Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ахбор пешнињод намояд.

5. Шуъбаи тањлилї ва иттилооти дастгоњи Раиси шањри Душанбе (Њакимзода А.У.) инъикоси васеи ќарори мазкурро тавассути воситањои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шањри Душанбе Зувайдзода М.М. ва роњбари дастгоњи Раиси шањри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

 

                                                               Рустами Эмомалї