Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2017

 Дар бораи эълон намудани 150 рўзи ободонию созандагї, нињолшинонию кабудизоркунї таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр рисолати сокинони пойтахт!» 

Бо маќсади таќвият бахшидан ба корњои ободониву созандагї, сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт, ниҳолшинонию кабудизоркунї, инчунин сазовор пешвоз гирифтани љашни 20-солагии Ваҳдати миллї, мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї»

 

Ќ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1. Аз 1 феврал то 27 июни соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 150 рӯзи ободонию созандагї, ниҳолшинонию кабудизоркунї таҳти унвонӣ «Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт!» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллї эълон карда шавад.

2. Наќшаи чорабинињои замимагардидаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ободонию созандагї, ниҳолшинонию кабудизоркунї таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллї тасдиќ карда шавад.

3. Сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатї, корхонаву ташкилотњо дар назди майдончаҳои бино, гулгашту боғҳо, кўчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию маишї корҳои ободониву кабудизоркунї ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат дода, љињати амалї гардонидани нақшаи чорабиниҳои номбурда чораљўї намоянд.

4. Раисони ноњияњои шаҳр (Самї Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода Љ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ.), КВД таљрибавии илмию истењсолии “Сабзкорї”-и маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе (Халикова Т.М.), роњбарони корхонаю идорањо, ташкилоту муассисањо ва соњибкорони инфиродии дар њудуди шањри Душанбе фаъолияткунанда дар мавзеъњои интихобгардида бо ширкати ањли љамоатчигии шањр, бахусус љавонон бо риояи талаботи агротехникї, бо тавсияи мутахассисони соња шинони-дани нињолњоро ба роњ монда, нигоњубини минбаъдаи онњоро таъмин намуда, раванди нињолшинонию кабудизоркуниро пайваста таќвият бахшанд.

5. Шуъбаи тањлилї ва иттилоотии дастгоњи Раиси шањри Душанбе (Њакимзода А.У.), Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» (Рауфов С.), Муассисаи давлатии Рўзномаи «Паёми Душанбе» (Ҳусейнов Ш.Н.) инъикоси васеи ќарори мазкурро аз тариқи воситањои ахбори омма васеъ ба роњ монанд.

6. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе Саидзода Қ.Т. гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалї