Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Февраль 2017

Имрӯз(07.02.2017) дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  доир гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохтору муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон ва дар асоси қарори Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти раёсати кӯҳансолтарин вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд. Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017, №802 дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Душнбе озод кардани Убайдуллоев Маҳмадсаид, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе аз њавзаҳои интихоботии  №25 ва №62,таъин намудани интихобот дар њавзаҳои номбурда, таъсис додани комиссияи шањрї оид ба интихобот ба Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе ва ҷараёни  омодагиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҷлили љашни байналмилалии «Наврўз-2017»  ворид гардиданд.

Вакилони халқ дар оғоз мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 18 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" қарорро дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод кардани Убайдуллоев Маҳмадсаид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017,  №802  сурат гирифтааст, тасдиқ карданд.

Тавре зикр гардид, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои №25 ва № 62 Убайдуллоев Маҳмадсаид ва Улмасов Фирӯз Убайдуллоевич бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат кардаанд.      

Иштирокчиёни иҷлосия масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, қарор карданд, ки   ваколати вакилони халқ  аз  ҳавзаҳои №25 ва №62 дар асоси қонунҳои амалкунада пеш аз муҳлат   қатъ карда шавад.

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки санаи 2-юми апрели соли 2017 ба  ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии  №25 ва №62 интихобот таъин карда шавад.

Дар робита ба баргузории интихобот ба Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе дар ҳавзаҳои  интихоботии  №25 ва №62  дар ҳайати 9 нафар комиссияи шањрї таъсис дода шуд. 

Оид ба ҷараёни омодагӣ ба таҷлили иди байналмилалии «Наврўз-2017»  иштирокчиёни иҷлосия ахбори Муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро шуниданд. Тавре таъкид гардид, рафти тайёрӣ ва омодагиҳо ба иди байналмилалии «Наврўз-2017»  дар асоси  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба  вусъат гирифта, дар тамоми қаламрави пойтахт ба ифтихори ин санаи фархунда корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ амалӣ намояд.       Оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.