Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Февраль 2017

 Дар бораи андешидани чорањои иловагї оид ба таъмини бехатарии њаракати наќлиёти автомобилї дар лоињаи «Азнавсозии кўчаи М.Мањмадалї (собиќ Фучик) аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Ќањњоров»  

Бо маќсади таъмини бехатарии њаракати воситањои наќлиёти автомобилї њангоми гузаронидани корњои сохтмону азнавсозї дар лоињаи «Азнавсозии кўчаи М.Мањмадалї (собиќ Фучик) аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Ќањњоров», мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї», моддаи 14 Кодекси шањрсозии Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 42 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи роњњои автомобилгард ва фаъолияти роњдорї», моддањои 10, 20 ва 22 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њаракат дар роњ»  

 

ЌАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Бинобар оѓоз шудани корњои сохтмонї дар лоињаи «Азнавсозии кўчаи М.Мањмадалї (собиќ Фучик) аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Ќањњоров» аз 6 феврали соли 2017 то 25 декабри соли 2017 њаракати наќлиёти автомобилї, муваќќатан ќатъ карда шавад.

2.  Вобаста ба муќаррароти банди 1 ќарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаќлиётхадамотрасон»        (Саидов Ф.Њ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе (Мирзомуродов Р.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт дар шањри Душанбе (Ѓаниев З.Н.) самти њаракати наќлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти азнавсозишаванда (аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Ќањњоров)» мегузарад, ба воситаи кўчањои њамшафат муайян намуда, дар наќшаи хатсайрњои наќлиёти автомобилии мусофирбар таѓйироти дахлдор ворид намоянд.

3.  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозї ва таъмири роњу кўпрукњои шањри Душанбе»-и маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ва пудратчии асосї - Љамъияти сањомии кушодаи «Сохтмон Таъмир», вобаста ба таѓйири самти њаракати наќлиёт дар мувофиќа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе гузоштани аломатњои роњ ва дигар лавњањои иттилоотию огоњкунандаро барои ронандагони воситањои наќлиёт таъмин намоянд.

4.  Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе (Ќунѓуротзода Ф.Ќ.) барои таъмини бехатарии њаракати воситањои наќлиёт дар кўчањои њамшафат тадбирњои мушаххас андешад. 

5.  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозї ва таъмири роњу кўпрукњои шањри Душанбе»-и маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе барои танзими алоќаи мунтазами наќлиётї дар ќитъаи роњи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситањои наќлиёти ёрии таъљилии тиббї, милитсия ва хадамоти оташнишонї ба минтаќањои атрофи иншооти сохташаванда  љорањои зарурї андешад.

6.  Аз роњбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектњои хољагидорие, ки дар шањри Душанбе фаъолият доранд, хоњиш карда шавад, ки бобати њалли масъалањои марбут ба хатњои муњандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозї ва таъмири роњу кўпрукњои шањри Душанбе»-и маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе хамаљониба мусоидат намоянд.

7.  Шуъбаи тањлилї ва иттилоотии дастгоњи Раиси шањри Душанбе инъикоси васеи ќарори мазкурро тавассути воситањои ахбори омма таъмин намояд.

8.  Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шањри Душанбе Зувайдзода М.М. вогузор карда шавад.

 

РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ