Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 December 2010

4 декабри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт.

Дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайдгирифташуда буданд, 22 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои тиббию молиявӣ  ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуд.