Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Февраль 2017

Имрӯз(09.02.2017) Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққӣ  мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ роҳҳои  рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққӣ баррасӣ шуд.

Чонибҳо омодагии худро баҳри густариши муносибатҳои  судманди ҳамкорӣ  иброз дошта, самтҳои асосии робитаҳои дуҷонибаро муайян карданд.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди мутақобиларо  ҷонибҳо дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ(таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо(тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ),  обтаъминкунӣ ва  рушди чароғонкунии кӯчаҳо маънидод намуданд. 

Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.