Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Февраль 2017

       Дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки  таблиғотӣ  оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои  ободонӣ  ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи  ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин, барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои  давлатӣ , мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                    

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Ҷиҳати анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи муштараки таблиғотӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

    2. Нақша-чорабиниҳои гурӯҳи муштараки таблиғотӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт барои ташкили вохӯриҳои мазкур вазифадор гардида, ба фаъолияти кори гурӯҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд. 

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ва Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ҷараёни баргузории вохӯриҳои мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

5. Гурӯҳи кории таблиғотӣ аз натиҷаи корҳои ба сомон расонида ҳар се моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор пешниҳод намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Т.Н.Саидзода гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ