Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 February 2017

     Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91, тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе дар соли 2020

 

 

  Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 41 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015,      №572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, № 511 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020” ва аз 8 феврали соли 2017, №57 “Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018”

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.      Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, № 572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, №511 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” ва аз 8 феврали

соли 2017, №57 “Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018” ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор дода шаванд.

2.      Ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 шаҳр ва барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузошта шавад.

3.      Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе:

-  дар асоси пешниҳоди Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои дарёфт намудани манбаъҳои маблаѓгузории чорабиниҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2017 чораҷӯӣ намояд;

-  ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2018, 2019 ва 2020 оид ба маблаѓгузории чорабиниҳои давраи тайёрии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 шаҳр, тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 маблаѓҳои заруриро дар моддаи алоҳида пешбинӣ намояд.

4.      Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил:

-  то 1 апрели соли 2019 якҷо бо Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул дар шаҳри Душанбе” номи кӯчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намоянд;

-  то 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳадҳои ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд;

-  то 1 сентябри соли 2019 якҷо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.

5.      Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе бо дарназардошти тавсияҳои сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ мусоидат намуда, дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, нақшаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро барои гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба миқдори зарурӣ нусхабардорӣ ва пешниҳод намоянд.

6.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии “Телевизиони Пойтахт” ва  рӯзномаи “Паёми Душанбе” ҷараёни тайёрӣ, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин инъикоси муҳтавои қарори мазкурро дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

7.      Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Б. Назирмадзода гузошта шавад.

 

 

                                                                           Рустами Эмомалӣ