Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2017

          

           Дар бораи гузаронидани озмуни «Авто-Бону - 2017»  

         Муроҷиати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017, №23/11-722 оид ба гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2017»-ро баррасӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 марти соли 2017 аз соати 900 то 1800 барои гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2017» дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар шаҳри Душанбе километри    7 кӯчаи С.Айнӣ иҷозат дода шавад.

2. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» муқаррар гардида, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои роҳбонӣ (патрулӣ)-и Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мототсиклронҳои клуби умумитехникии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ - И.Сомонӣ – Рӯдакӣ - С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов анҷом диҳанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2017» таъмин намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт»(Рауфов С.), Муассисаи давлатии Рӯзномаи «Паёми Душанбе» (Ҳусейнзода Ш.Н.) инъикоси қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ва Саидзода Қ.Т. вогузор карда шавад.

                                                                                                                    

 

                                                                               Рустами Эмомалӣ