Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2017

  

Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби пудратчиёни иншооти «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти умумии №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ», «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ», «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №95-и ноҳияи Сино», «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №43-и ноҳияи Сино» ва «Таъмири асосии бинои кўдакистони №24-и ноҳияи Шоҳмансур», бо инобати протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №1 аз 10 феврали соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 25 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №1 аз 10 феврали соли 2017 ва ҳайати комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчиён тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2.  Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда барои интихоби пудратчиёни иншооти «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти умумии №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ»,  «Азнавсозӣ  ва  таъмири  асосии  муассисаи таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ», «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №95-и ноҳияи Сино», «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №43-и ноҳияи Сино» ва «Таъмири асосии бинои кўдакистони №24-и ноҳияи Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкур, муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.  Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

4.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                          

                                                                             Рустами Эмомалӣ