Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 March 2017

        Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Барои дастгирии иҷтимоӣ, бо инобати саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ ба муносибати идҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

1. Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе (Исматов М.У.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 2 546 000 (ду миллиону панҷсаду чилу шаш ҳазор) сомонӣ барои расонидани кумакпулии яквақта ба занон - кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он мутобиқи замима  ҷудо намояд.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Зувайдзода М.М., Саидзода Қ.Т., Назирмадзода Б., Ҷумазода Ф.Т.) дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе 5 марти соли 2017  дастрас гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро ба шахсони тибқи рӯйхат муқарраргардида дар фазои тантанавӣ таъмин созанд.

3. Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Мадохиров И.) пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида ба роҳ монад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. гузошта шавад.

 

    Рустами Эмомалӣ