Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 March 2017

 Дар бораи баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба Иди байнал-милалии Наврӯз-2017 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳои идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Баҳри  таҷлили  бошукуҳи Иди  байналмилалии Наврӯз 21 марти соли 2017 пас аз ба анҷом расидани чорабиниҳои наврӯзӣ (соатҳои 19:00 - 21:00) аз 7 бурҷи Душанбешаҳр дар фосилаи 5 (панҷ) дақиқа тибқи нақшаи замимагардида мушакпаронии (фейерверки) идона баргузор карда шавад.

        2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Назаров О.О.), раисони  ноҳияҳои  шаҳр (Самӣ Ш. Ҳ., Табарзода Ҷ. А., Ҳакимзода Н.Ҳ. ва Салимзода Н.Ф.) дар ҳамкорӣ бо корхонаю ташкилотҳои ташаббускор барои ташкили мушакпаронии (фейерверки) идона шароити заруриро фароҳам оварда, баҳри риояи қоидаҳои бехатарии мушакпарронӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М), Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Р.), Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе (Неъматов Р.Х.), Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (Шарифзода Х.) ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, бехатарии зидди сӯхтор ва ташкили ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҷойҳои баргузории мушакпаронии (фейерверки) идона тадбирҳои мушаххас андешанд.

         4. Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

          5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М. гузошта шавад.

       

 

        

 

                                         Рустами  Эмомалӣ