Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Март 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби пудратчиёни иншооти «Азнавсозии хати баландшиддати ВЛ10-110кВ» ва «Сохтмони сусткунандаи об дар дарёи Лучоб», бо инобати протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №3 аз 20 феврали соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 25 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №3 аз 20 феврали соли 2017 ва ҳайати комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчиён тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2.  Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои интихоби пудратчиёни иншооти «Азнавсозии хати баландшиддати ВЛ10-110кВ» ва «Сохтмони сусткунандаи об дар дарёи Лучоб», мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.  Шуъбаи таҳлилию иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

4.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

                                                            Рустами Эмомалӣ