Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Март 2017

       Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2017, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, иҷрои бандҳои 4, 5 ва 11 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 феврали соли 2017, №51 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1.  Мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ рӯзи 23 март, соати 1400 ва пойгаи аспдавонӣ рӯзи 24 марти соли 2017, соати 1000 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва волейбол дар байни бонувон дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» аз 21 то 24 март ва теннис дар байни наврасону духтарон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз»шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» аз 21 то 24 марти соли 2017 баргузор карда шаванд.

2.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаҳо тибқи замимаҳои №1,2,3,4,5,6,7,8,9 ва 10 тасдиқ карда шаванд.

3.  Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4.  Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б., Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Исматов М.У.) аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, тибқи харҷномаҳои замимагардида барои гузаронидани мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2017» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе маблағи 155300 (яксаду панҷову панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ҷудо намояд.

5.  Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Мирзоев И.) дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин дастаҳои наврасону бонувони ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6.  Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Назаров О.О.) барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойҳои баргузории мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.

7.  Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.), тандурустӣ (Шарифзода Х.С.), ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Мирзоев И.Х.), Хадамоти давлатии оташнишонӣ (Назарзода И.Ҳ.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.), ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

8.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони пойтахт» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва чорабиниҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ. ва Ҷумазода Ф. гузошта шавад.

 

 

 

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ