Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Март 2017

           Душанбе(11.03.2016), Имрӯз бо ибтикори Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони "Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт" дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии  пойтахт  ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид.

Дар он наздики 1000 нафар кормандони сохторҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва намояндагони дигар  ташкилоту муассисаҳои пойтахт  ширкат варзиданд.

 Иштирокчиёни ҳашар, аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳо, поку тоза кардани гулгашту майдончаҳо ва ҳудуди боғро ба роҳ монда, корҳои ободониву кабудизоркунӣ  ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат доданд.

 Чунин ҳашарҳои умумӣ  дар арафаи ҷашни Наврӯз дар дигар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе доир шуданд.