Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 December 2010

6 декабри соли 2010 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Мамадшо Илолов бо узви Палатаи Лордҳои Британияи Кабир , аъзои Гурӯҳи Британиявии Иттиҳоди Байнипарламентӣ баронесса Вивен Стерн баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, қадамҳо ва дастовардҳои ҷомеаи Тоҷикистони навинро дар ин самт умедбахш маънидод карданд.

Баронесса Вивен Стерн, боздиди мазкурро самараи нахустин сафари анҷомдодаи ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ба парламенти Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки парламентарҳои кишвараш ҷиҳати тавсеаи робитаҳо боТоҷикистон баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд тадбирҳои воқеиро мавриди амал қарор додааст. Аз ин ҷост, ки 30 ноябри соли 2010 дар Палатаи Лордҳои Британияи Кабир зимни муколамаи парламентӣ масоили марбут ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мавриди тавачҷӯҳ ва боэътимод дар ҳамкорӣ матраҳ карда шуд ва бешубҳа соли 2010- ро метавон соли таҳкимбахши робитаҳои байнипарламентӣ унвон кард.

М. Илолов дар навбати худ шодбошӣ ва самимияти Раиси Маҷлиси миллии Мачлиси Олии   Ҷуҳмурии Тоҷикистон М. Убайдуллоевро ба Раисони палатаҳои Лордҳо ва Обшини парламенти Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ баён дошта, аз омодагиҳо ба ҳамкорӣ дар доираи масоили фарогири Меморандуми амалкунанда миёни Гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии ҷонибҳо таъкид намуд.