Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Март 2017

   Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»       

Бо мақсади  бартараф сохтани қубурҳои фарсудагашта дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ», ки барои пайвасти қубурҳои обполакҳои зудамали регӣ монеъ гардидаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон            

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи-чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оид ба бартараф сохтани қубури фарсудагаштаи d-600мм дар истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ» ва муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунӣ, тасдиқ карда шавад.

 2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои бартараф сохтани қубурҳои фарсудагашта интиқоли оби нӯшокӣ  дар ҳудуди;

     -ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ;

     -ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрған, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи №1 то №77 аз соати 22:00  рӯзи  11  то  соати  04-00  рӯзи 12 марти соли 2017 қатъ мегардад.

3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 6 соат захира намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Амирзода А.А.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд. 

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М. гузошта шавад.   

                                           

                                                                                                 Рустами Эмомалӣ