Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 Март 2017

 Душанбе(15.03.2017). Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро-муовини Раиси шаҳри Душанбе Б. Назирмадзода сурат гирифт.

Иштирокчиёни ҷамъомад моҳият ва ҳадафи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №218-2 аз 14 апрели соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе»  ва зарурати ҷоннокгардонии фаъолияти Шӯроро вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе аз 15.02.2017  ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои  дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар робита ба бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ва ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт мавриди таҳлили амиқ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт.

Аъзои Шӯро лоиҳаи Нақша - чорабиниҳои Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанберо барои соли 2017 муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу иловаҳо барои тасдиқ пешниҳод намуданд.