Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Март 2017

Душанбе,17.03.2017.  Имрӯз мулоқоти Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд таҳти роҳбарии Талай Асилбеков доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳоро дар соҳаи инфрасохтори мунисипалӣ, бахусус бахшҳои гармидиҳӣ, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва ғайра ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳу усулҳои  рушду тавсеаи робитаҳоро муайян карданд.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

Мулоқот дар фазои созанда ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.