Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 March 2017

 Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2017  бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" тантанаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор шуданд.

Сардори давлат зимни суханронии табрикотӣ кулли ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театрикунонидашудаи устодони ҳунар ва ҳаваскорони ҷавони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, ҷараён гирифт ва бо мушакпарронии идона  аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Ба хотири дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва пешниҳод намудани тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз  дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг, бахусус ба эҷодкорону санъаткорон, коргардону дизайнерон, продюссеру қаламкашон, ҳунармандону ҳаваскорон, овозхонону ромишгарон,  дорбозону варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки дар ба таври пуршукӯҳ  ҷараён гирифтани барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштанд ва сарфи назар аз номусоидии обуҳаво бо маҳорати баланди ҳунариву касбӣ онро пешкаши сокинони сершумори пойтахт ва меҳмонони дохилу хориҷи кишвар карданд, арзи сипос намуданд.