Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 March 2017

 Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои  23 - 24-уми марти соли 2017 бори аввал дар Тоҷикистон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони лазерии видео-мэппинг дар майдони 800-солагии Москва(майдони назди Театри давлатӣ-академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) баргузор гардид.

 Санъатшиносону мутахассисони соҳаи ҳунар чунин шоу-барномаро, ки аз тасвирҳои зинда иборат аст, падидаи  ҷадид дар санъати ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.

Ҳазорҳо нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ ин барномаи нави ҳунариро тамошо карда, ба созмондиҳандагони он баҳои баланд доданд.