Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2017

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 сентябри соли 2006, №409

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»  ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 сентябри соли 2006,№409 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» калимаи «Пойтахт» ба калимаи «Душанбе» иваз карда шавад.

2. Директори Муассисаи давлатии “Телевизиони “Душанбе” Рауфзода С.Х. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани тағйироти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ