Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 December 2010

13 декабри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Қабл аз ҳама ҳолати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон» ва иштироки аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои хоҷагидории пойтахт ба маъракаи 900-рўзи ободонӣ, ки аз 20 марти соли 2009 то 6 сентябри соли 2011 эълон гардидааст,  матраҳ карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати арзишмандии санаи мазкур ва нақшаҳои ободонии фарогири тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, ки дар маҷмўъ ба некўаҳволии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, комиссияҳои ваколатдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки  дар таносуби соҳа ва ноҳияҳои шаҳр ҷараёни корҳои анҷомгирифтаро мавриди санҷиш қарор дода, унвонии шаҳрдорӣ ахбори расмӣ ирсол доранд.

Дар ин зимн Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуд, ки то 25 декабри соли равон дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва дигар ширкатҳои дизайнерӣ дар Шўрои шаҳрсозӣ масъалаи ороиши мавзўии тамоми кўчаву хиёбон ва маҳаллаву шаҳракҳоро баррасӣ намуда, бо интихобу тасдиқи ҳар кадоме назорати иҷроиши онҳоро аз ҷониби масъулин таъмин созад.

Бо дахли масоили азхудкуниву сарфаи маблағҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама дар харидҳои тавассути тендерҳо амалишаванда, бори дигар таваҷҷўҳи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба он ҷалб намуд, ки тибқи муқаррароти шаҳрдорӣ хариди молу таҷҳизотро бо ихтисори ширкатҳои миёнаравҳо танҳо бо ҷониби истеҳсолкунанда, тариқи таъмини иштироки онҳо дар тендерҳо ба роҳ монанд. Зеро чунин амалкард имкон хоҳад дод, ки маблағҳои буҷавӣ сарфа гардида, барои ободонии дигар бахшҳои хоҷагидории шаҳр равона гарданд. Таври мисол, таъкид гардид, ки танҳо тавассути таъмини иштироки молистеҳсолкунанда дар тендери харидории 33 адад аттраксионҳо ба иншооти ҷашнии Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар маҳаллаи Буни ҳисорак аз 10 млн еврои пешбинигардида, 3 млн евро сарфа карда шуд.

Дар ҷаласа бо дарназардошти тибқи  Нақшаи генералии шаҳр ба миён омадани зарурати бартрафсозии бинои истиқоматии хиёбони Рўдакӣ, 67 ва дар доираи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ ҳаллу фасл гардидани таъминоти оилаҳо бо манзил, дастур гардид, ки рўзҳои 14-17 декабри соли равон кўчонидани 43 оиларо аз бинои мазкур ба бинои истиқоматии 9-ошёнаи замонавӣ, воқеъ дар маркази шаҳр – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ  амалӣ карда, шурўъ аз рўзи якшанбе 19 декабр корҳои тахрибсозии бино оғоз  карда шавад.

Дар идома оид ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар ҳалқаи якуми шаҳр масъулини шаҳрдорӣ вазифадор карда шуданд, ки то 20 январи соли 2011 рўйхати иншооти ду-сеошёнаи дар кўчаҳои А.Дониш - С. Айнӣ -хиёбони Рўдакӣ-Чорбоғ ҷойгирбударо, ки қитъаи заминашон барои бунёди биноҳои баландошёна ба эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ гирифта мешаванд барои огоҳии саривақтии шаҳрвандон дар ВАО-и шаҳрӣ интишор намуда, оид ба бартарафсозии бозори «Баракат» лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо омода созанд.

Дар ҷаласа, ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳолати беҳдошти санитариву экологӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, нигаҳдориву истифодаи фонди манзилӣ, риояи қоидаҳои зиддисўхторӣ ва реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасон, нақлиёт ва ободонӣ баррасӣ гардида, таваҷҷўҳи хосса ба мавсими зимистонгузаронии пойтахт зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки феълан тамоми субъектҳои муқими шаҳр, пеш аз ҳама бахши иҷтимоӣ - муассисаҳои тандурустиву маориф ва фарҳанг ба зимистон ва қабули гармӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тайёрӣ ба мавсим омода буда, интизори қабули гармӣ ва оби гарми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе, ки сохтори зертобеи ШСХК «Барқи тоҷик» маҳсуб меёбад, истодаанд.

Дар робита ба ин, ба масъулини Маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе дастур гардид, ки фаъолияти худро оид ба хизматрасонӣ аз 20 декабри соли равон вобаста аз имкониятҳои доштааш баҳри қонеъгардонии талаботи мушатриён оғоз намояд.