Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2017

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 октябри соли 2006, 543   

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 октябри соли 2006, №543 «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонсарои «Пойтахт»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калимаҳои «Меҳмонсарои «Пойтахт» ба калимаҳои «Меҳмонхонаи Душанбе» иваз карда шаванд.

2. Директори КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» Мӯсоев С.Ғ. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б.  гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ