Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2017

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 тасдиқ шудааст, таъмини иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонони пойтахт дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 тасдиқ карда шавад.

2.  Раисони ноҳияҳои шаҳр - (Самӣ Ш.Ҳ., Табарзода Ҷ.А., Салимзода Н.Ф. ва Ҳакимзода Н.Ҳ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати баргузории чорабиниҳои монанд дар сатҳи ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Исматов М.У.) дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда, маблағҳои иловагиро барои амалигардонии чорабиниҳои мазкур таъмин намояд.

4.   Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони пойтахт» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6.  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2016, №460 «Дар бораи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017» аз эътибор соқит дониста шавад.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

 

 

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ