Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 April 2017

Душанбе. 03.04.2017.      2 - юми апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №25(ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва №62(ноҳияи Фирдавсӣ) интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷои вакилони хориҷшуда доир гардид.

Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25(ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дарёфти 84,80 дарсади овозҳо ноил гардид. Номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович 7,81 дарсад ва   Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон  2,65 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. 1,83 дарсади интихобкунандагон ба муқобили ҳамаи номзадҳо овоз доданд. Аз шумораи умумии интихобкунандагон дар интихобот  86,69 нафар иштирок карданд.

Дар ҳавзаи интихоботии № 62(ноҳияи Фирдавсӣ) интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Зувайзода Маҳмадсаид Маҳмуд  75,11 дарсади овозҳо,  номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Абдуллоева Мавсума Исматуллоевна 11,65 дарсади овозҳо ва Файзуллобекова Васила Тошбековна - номзад аз Ҳизби Коммунистии  Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. Ба муқобили ҳамаи номзадҳо 2,12 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.

2-юми апрели соли 2017 ҳамчунин дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №8, №23 ва № 24  интихоботи вакилон ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ доир шуд.  

Дар ҳавзаи интихоботии №4  интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло 74,75 дарсади овозҳо ва Раҷабов Абдуҳалим Абдураҳимович номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон  17,72 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.  

Дар ҳавзаи интихоботи №8 вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ 74,63 дарсад ва номзад аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Дадоҷонова Иноят Боировна 18,7 овозҳоро ба даст оварданд.  

Дар ҳавзаи интихоботии №23 интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор 73,97 ва номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон  Тоҷев Манучеҳр Наҷмуддинович 18.24 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.  

Дар ҳавзаи интихоботии №24 интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид 74,07, номзад аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Каримова Шарифамо Раҳимовна 12.84  ва номзади худпешбар Гадойбоев Ислом 8,70 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.