Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 December 2010

15 декабри соли 2010 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

            Дар ҷаласа аъзои Шўро 47 масъалаҳоро марбут ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаро мавриди муҳокима қарор доданд.

             Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ », Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон  «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи мудофиа», ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодексҳои меҳнат, андоз, ҳукуквайронкунии маъмурӣӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ  ва қисми якуми Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 10 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз қабили масоили мавриди назари аъзои Шўро буданд.

            Ҳамзамон, тибқи рўзнома аъзои Шўро лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи вазифаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва « Дар бораи Эъломияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар мавзўи «Таъминоти масъулият ва ҳисоботнокии куллии демократӣ ба хотири манофеи омма»-ро бо   ҷонибдории дигар масъалаҳои матраҳгардида,  ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рўзномаи иҷлосияи сеюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки пагоҳ 16 –уми  декабр  баргузор мегардад,  шомил намуданд.