«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2017

 

    Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 - 2018

 

Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри худтакмилдиҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ – ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии насли ҷавон, ватандӯстиву дарки масъулият, беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини хуқуқу манфиатҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

                                          ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

      1. Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 - 2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

         2. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян гашта, ҷиҳати иҷрои он бо сохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монад.

  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Исматов М.) аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи хароҷоти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар соли 2017 ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе тибқи Барномаи мазкур маблағгузории чорабиниҳои пешбинигардидаро таъмин намояд.

      4. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Табарзода Ҷ.А., Салимзода Н.Ф. ва Ҳакимзода Н.Ҳ.) дар доираи Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавононро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

         6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ