Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2017

     Дар бораи муташаккилона ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади муташаккилона ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва баҳри таҳкими ифтихори ватандорӣ ва истиқлолияти давлатӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М :

1.    Ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд;

2.    Кумитаи тадорукот, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т., раисони ноҳияҳои шаҳр (Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ. ва Салимзода Н.Ф.) ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар ин замина ташкили чорабиниҳои ободониву хуррамгардонӣ, фароғативу фарҳангӣ ва варзишиву солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3.       Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои дахлдор андешанд.

4.       Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ (Ҳакимзода А.У.), Муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, “Паёми Душанбе” (Рауфов С., Ҳусейнов Ш) ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкурро мунтазам тариқи васоити ахбори омма инъикос намоянд.

5.       Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.гузошта шавад.

 

          Рустами Эмомалӣ