Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 April 2017

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

 

 

 

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати  панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

     1. Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 апрели  соли 2017, соати 900 дар  толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват  карда шавад.

    2. Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

        2.1. Гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № №  25 ва 62.

2.2. Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ».

     2.3. Ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017.

    2.4.    Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум хоҳиш карда шавад, ки тибқи ҷадвали замимагардида то 14 апрели  соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани  масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  даҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) бо тартиби  муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ҷамъбаст ва ба гурӯҳи корӣ манзур  созад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                         

                                                                   Рустами Эмомалӣ