Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2017

  Душанбе, 12.04.2017.    Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шоқосим Шоисломов мулоқот кард.

Муҳокимаи маҷмуъи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳаки асосии мулоқотро ташкил дод.

Ҷонибҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар ду тараф мувофиқ изҳори назар намуданд.

Оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе  ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маънидод гардид.

Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар  ҷанбаҳо мароқ зоҳир карданд.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.