«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2017

  Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол – 2016», «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии сол - 2016», «Табиби сол - 2016», «Табиби оилавии сол - 2016» ва «Корманди миёнаи тибби сол - 2016»

 

Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

        1.Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол  - 2016», «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2016», «Табиби сол - 2016», «Табиби оилавии сол - 2016», «Корманди миёнаи тибби сол -2016» аз 3 апрели соли 2017  №1 тасдиқ карда, ба

 а)  ғолиби озмуни «Беморхонаи сол - 2016» - коллективи кормандони Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К. Ахмедов ба маблағи 3000  (се ҳазор) сомонӣ;

б) ғолиби озмуни «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2016» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10 ба маблағи 2500  (ду ҳазору панҷсад)  сомонӣ;

в) ғолиби озмуни «Табиби сол - 2016» - мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Саидов Қутбидин Маҳмадуллоевич ба маблағи 2000 (ду ҳазор)  сомонӣ;

г) ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол - 2016» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Худойбердиева Наргис ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

ѓ) ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол – 2016» ҳамшираи тиббии Маркази шаҳрии бемориҳои пуст ва зуҳравӣ Чақонова Гуландом Алимардоновна ба маблаѓи 1000 (як ҳазор) сомонӣ мукофотонида  шаванд.

      2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Убайдзода М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбӣ  ҷудо намояд.

    3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

   4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

   5. Назорати иҷрои Қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ  гузошта шавад.

                           

                                                                                                             

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ