Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2017

 Дар бораи ба тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» ва «Автобус-2»-и шаҳри Душанбе супоридани автобусҳои тамғаи ISUZU CITIBUS A/T

 

Бо мақсади истифодабарии самараноки автобусҳое, ки тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2017, №131 «Дар бораи гузаронидани харид» воридот шудаанд, беҳбуд бахшидани фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

 

                            Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

  

  1. 40 (чил) адад автобусҳои воридшудаи тамғаи ISUZU CITIBUS A/T ҳамчун моликияти коммуналии шаҳр ба тавозуни Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» - (30 адад) ва «Автобус-2» - (10 адад) супорида шаванд.

     2. Барои супоридани автобусҳо ба тавозуни корхонаҳое, ки дар банди 1 қарори мазкур дарҷ гардидаанд, комиссия дар ҳайати Саидзода Қ.Т.-муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси комиссия, Назирмадзода Б.-муовини Раиси шаҳри Душанбе, Убайдзода М. - сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Одинаев Ҷ.Т. - сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Қаюмзода С. - мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Кабиров Х.Г. - мудири шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Шоев Ф.К.  директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» ва Раҳимов Р.У. - директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» таъсис дода, дар асоси санади дахлдор қабулу супоридани онҳоро ба анҷом расонад.

      3. Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»         (Шоев Ф.К.) ва «Автобус-2»-и шаҳри Душанбе (Раҳимов Р.У.) ба маълумотҳои ҳисоботӣ тағйирот ворид намуда, истифодаи мақсадноки  онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монанд.

      4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.) ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» (Ҳусейнзода Ш.Н.) инъикоси васеи қарори мазкурро аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

   5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

    6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қ.Т. гузошта шавад. 

                                                                            

                                                                                   Рустами Эмомалӣ