«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2017

 Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол»

 

Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе, бо инобати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №1291  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

 

1. Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмун аз 31 марти соли 2017 вобаста ба ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» тасдиқ карда шавад.

2. Нозирони минтақавии зерин ғолибони озмун дониста шаванд:

- Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2  дар ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи якум;

- Эшмахмедов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2  дар ноҳияи Сино - ҷойи дуюм;

- Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи сеюм;

3. Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи сеюм 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва ба ҳар як ғолиб Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе дар «Рӯзи пойтахт» ба таври тантанавӣ супорида шавад.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Убайдзода М.У.) аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пардохти мукофотпулии дар банди 2 қарор зикршуда 37 000 (сию ҳафт ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

5. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) мувофиқи тартиби муқарраргардида пардохти маблағи зикршударо саривақт таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ