Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Апрель 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади интихоби лоиҳакаши иншооти «Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе», бо инобати протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017, №18 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.   Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017, №18 ва ҳайати комиссияи тендерӣ аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодгардида оид ба интихоби лоиҳакаш тибқи замима  тасдиқ карда шавад.

2.   Комиссияи тендерии мазкур барои интихоби лоиҳакаши иншооти «Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкур, муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.   Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

4.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.     

 

                                                                                          

                                                                              Рустами Эмомалӣ