Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Апрель 2017

 Дар  бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»

 

 Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои обполакҳои сохташудаистодаи зудамали регӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 7 Кодекси оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1.   Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба пайваст намудани қубурҳои обполакҳои сохташудаистодаи зудамали регӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ», иҷроиши корҳоро ба роҳ монад.

2.   Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои пайваст намудани қубурҳои интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

- ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ;

- ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрған, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи №1 то №77 аз соати 22:00 рӯзи 17 то соати 22:00 рӯзи 18 апрели соли 2017 қатъ мегардад.

3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Самӣ Ш., Шоҳмансур –Ҳакимзода Н. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» - Убайдов М. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Амирзода А.А.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ