Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 Апрель 2017
 

 Душанбе, 18.04.2017.  Имрӯз дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони сохторҳои мақомот ва идораю корхонаҳо , инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, ҷараёни он то интихоб шудани Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати вакили синну солаш калонтарини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Зариф Шарифов    сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:

Гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва  № 62.

  Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ».

  Ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориш дод, ки 2 апрели соли 2017 мутобиқи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"   дар ҳавзаҳои интихоботии  №25 ва №62 ба ҷои вакилони хориҷшуда, интихоби вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  баргузор шуд. 

Пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25(ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсади овозҳо ба пирӯзӣ ноил шуд.  Номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович 7,81 дарсад ва   Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон  2,65 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.  

Дар ҳавзаи интихоботии № 62(ноҳияи Фирдавсӣ) интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бошад, 75,11 дарсади райъдиҳандагон ба тарафдории  номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Зувайзода Маҳмадсаид Маҳмуд     овоз доданд,  номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Абдуллоева Мавсума Исматуллоевна 11,65 дарсади овозҳо ва Файзуллобекова Васила Тошбековна - номзад аз Ҳизби Коммунистии  Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.  

 Маҷлиси вакилони халқ гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 25   ва №62-ро шунида, ваколати вакилони интихобшуда - Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайзода Маҳмадсаид Маҳмудро тасдиқ кард.

Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов дар вазъияти ботантана ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанберо супорид.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъаларо оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ» тасдиқ кард.

Кори минбаъдаи иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифт.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки  тамоми неруи созанда ва қувваю дониши худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми сокинони кишвар равона месозад.

Иштирокчиёни иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар мавриди «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017 баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт    мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои самарабахшеро ба субут расондааст ва дар ин замина бояд корҳои тарғибу ташвиқотӣ ва фаҳмондаҳии байни ҷавон пурзӯр карда шавад. Ҷиҳат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги миллӣ ва иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон, бахусус  шомил шудан ба равияҳои ифротию экстремистӣ, ба фарҳанги бегона рӯ овардани ҷавонон, тақвият бахшидани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон, таҳкими оилаҳои ҷавон, саломатии ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбут ба неруи созандаи Ватан бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Дар ин робита қарори дахлдор ба тасвиб расид.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаӣ Иҷрокунадаи вазифаи  Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба сиёсати кадрҳо баррасӣ ва тасдиқ кард.   Раиси шаҳр зимни баррасии масъалаи зикршуда, таъкид намуд, ки тамоми кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда мутахассисони соҳаҳои худ буда, дар зинаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа кардаанд ва дорои хислатҳои баланди кордонӣ, садоқат ба халқу Ватан ва вазифаи ба уҳдагирифта мебошанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои  сохтмонӣ   истифода набурдании масолеҳи зуддаргиранда, нигоҳдошти воситаҳои нақлиёту ҷои партовгоҳ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаи бозии кӯдакон, назорати корҳои азнавсозии роҳу пулҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша амалӣ мешавад,  ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо,  таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, танзиму муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва захираи он, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона барои фурӯшандагон ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, фароҳам овардани шароити гармӣ дар биноҳои баландошёна, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва атласу адрас ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо   дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Бо ҳамин Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.