«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи баргузор намудани тендер

 

Бо мақсади «Барқарорсозии қисмати шабака ва таҷҳизоти гармитақсимкунии Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар шаҳракҳои 11, 103, 104, ва Испечак 1-2, 2-1, 2-2», бо инобати розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2017, №157 оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавӣ бо усули харид аз як манбаъ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ харид аз тариқи    иштироки номаҳдуд бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳодҳои дархостҳои тендерӣ, протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2017, №23 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14, 25 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

        1. Ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти   давлатии шаҳри  Душанбе (Муҳиддинов Н.М.), ҳамчун фармоишгар барои аз руи усули харид аз як манбаъ таҳия намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Барқарорсозии қисмати шабака ва таҷҳизоти гармитақсимкунии Муассисаи шабакаи гарми-диҳандаи шаҳри Душанбе дар шаҳракҳои 11, 103, 104, ва Испечак 1-2, 2-1, 2-2» иҷозат дода шуда, дар асоси шартнома бо «Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», ҳамчун лоиҳакаши асосӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии  иншооти зикршударо таҳия ва хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд.     

           2. Комиссияи тендерӣ тибқи протоколи замимагардидаи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2017, №23 таъсис дода шавад ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Муҳиддинов Н.М.) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуд, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон, ҷиҳати интихоби пудратчии сохтмони иншооти «Барқарорсозии қисмати шабака ва таҷҳизоти гармитақсимкунии Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар шаҳракҳои 11, 103, 104, ва Испечак 1-2, 2-1, 2-2» таъмин созад.

 3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағгузории  корҳои лоиҳакашии иншооти зикршударо аз ҳисоби маблағҳое, ки тибқи амри иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе  аз 31 январи соли 2017, №3 барои таҳияи ҳуҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавӣ ҷудо шудаанд, таъмин намояд.

      4. Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

         5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                          

                                                                          Рустами  Эмомалӣ