Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 28 ноябри соли 2005, №473 ва аз 5 июли соли 2006, №312

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном ва матни қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 28 ноябри соли 2005, №473 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва аз 5 июли соли 2006, №312 «Дар бораи тасдиқи оиннома ва ҷадвали воҳидҳои кории Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» калимаҳои «Пойтахт-80» ба калимаи «Аҳорун» иваз карда шаванд.

2. Директори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» Раҷабов У. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.  гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ