Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи ворид намудани тағйирот ба  қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 19 августи соли 2010, №501, аз 9 декабри соли 2010, №658-10, аз 11 январи соли 2011, №9 ва аз 22 марти соли 2011, №170

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллииҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсониҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрииҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном, матн ва замимаҳои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 19 августи соли 2010, №501 «Дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром»-и шаҳри Душанбе»,  аз 9 декабри соли 2010, №658-10 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори  Раиси шаҳри Душанбе №501 аз 19 августи соли 2010 «Дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром»-и шаҳри Душанбе», аз 11 январи соли 2011, №9 «Дар бораи тасдиқи Оиннома, рӯйхати басти вазифаҳо, сметаи хароҷотӣ барои нигоҳдории Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» ва аз 22 марти соли 2011, №170 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори  Раиси шаҳри Душанбе №501 аз 19 августи соли 2010 «Дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром»-и шаҳри Душанбе»  калимаҳои «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба калимаи «Наврӯзгоҳ» иваз карда шаванд.

2. Директори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Хайруллоев Н. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ваҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б.  гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ