Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 9 октябри соли 2008, №523-1 ва аз 10 марти соли 2009, №120

 

Мутобиқ и моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ » ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном, матн ва замимаҳои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 9 октябри соли 2008, №523-1 «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» ва аз 10 марти соли 2009, №120 «Дар бораи тасдиқи Оиннома,      рӯйхати бастҳо, фонди музди меҳнати кормандон ва андозаи маоши моҳонаи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» калимаҳои «Маркази равобити пойтахт» ба калимаҳои «Маркази ҷавонон» иваз карда шаванд.

2. Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» Комилова З.О. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ  ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ  гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ  андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.  гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ