Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 марти соли 2015, №154-1

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»          

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 марти соли 2015, №154-1 «Дар бораи таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии  «Маҷмааи савдои Пойтахт-90»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» калимаҳои «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба калимаҳои «Бозори Меҳргон» иваз карда шаванд.

2. Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» Ватанов Л. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ