Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Апрель 2017

 Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2012, №133

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»   

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Дар ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2012, №133 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» калимаҳои «Боғи пойтахт» ба калимаҳои «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» иваз карда шаванд.

2. Директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» Шарипова Г.Х. ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К.  гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ