Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2017

        Дар бораи баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи  панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе»

 

       Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионӣ дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва «Кохи Наврӯз» ва бар ин васила дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи таҷлили 72-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

       1. Санаи 6 майи соли 2017 аз соати 800 то 1800 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва ҶДММ «Кохи Наврӯз» Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир карда шавад.

      2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе (Саидзода Қ.Т.) ва шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

      3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

      4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбеакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.), «Рӯзномаи Паёми Душанбе» (Ҳусейнзода Ш.Н.) қарори мазкур ва рафти чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

       5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қ.Т. ва Муинӣ М.М. вогузор карда  шавад.

 

                                                                          

                                                                               Рустами Эмомалӣ