Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2017

 Оид ба ташкили барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар Майдони «800-солагии Москва» бахшида ба Соли ҷавонон      

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар майдони «800-солагии Москва» бахшида ба Соли ҷавонон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.     Нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар Майдони «800-солагии Москва» бахшида ба Соли ҷавонон тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2.     Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе (Назаров О.О.) дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таъмини иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон дар ҷойи баргузории чорабинӣ чораҳои мушаххас андешад.

3.     Раиси ноҳияи Шоҳмансур дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тамоми шароитҳои заруриро ҷиҳати ташкили барномаҳои мазкур муҳайё созад.

4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) дар р ӯ        зҳои ташкил ва баргузории барномаҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.

5.     Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.     Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Муинӣ М.  гузошта шавад.    

 

Рустами Эмомалӣ

 

      

 

 

 

 

Н А Қ Ш А И

баргузории барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар Майдони «800-солагии Москва» бахшида ба Соли ҷавонон

 

аз 29 апрел то 24 июни соли 2017

 Вақти баргузорӣ:   аз соати 18:30 то 20:00

 

 

т/р

Номгӯи дастаҳои ҳунарӣ

Муҳлати баргузорӣ

Мутасаддиён

1.

Ансамбли давлатии «Сомон»

29 апрели

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

2.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон

6 майи

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

3.

Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола»

13 майи

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

4.

Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ

20 майи

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

5.

Дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе

27 майи

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

6.

Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»

3 июни

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

7.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ

10 июни

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

8.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯ        раев

17 июни

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.

9.

Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 июни

соли 2017

Ҳакимзода Н.Ҳ.