Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2017

Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 72 – юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

 
 
   Бо мақсади пос доштани хотира, арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, инчунин барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба ифтихори 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
 
Қ А Р О Р  М Е К У Н А М :

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 72 - юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т., раисони ноҳияҳои шаҳр (Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ. ва Салимзода Н.Ф.) ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар ин замина роҳандозӣ намудани тадбирҳои ободониву хуррамгардонӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва оммавию варзишӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Убайдзода М. аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кӯмакпулии якдафъаина маблағи 719900 (ҳафтсаду нуздаҳ ҳазору нуҳсад) сомонӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ - атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ мутобиқи замимаи 2 ҷудо намояд.
4. Сарраёсати молия бо мақсади омода намудани 9 адад гулчамбар барои маросими гулчамбаргузорӣ дар Боғи мемориалии “Ғалаба” маблағи 10800 (даҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ аз ҳисоби бақияи озод тибқи замимаи 3 ҷудо намояд.
5. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т. аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бевосита ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, зимни аёдат дар манзили истиқоматиашон маблағҳои ҷудошударо дар рӯзҳои муайянгардида, ба шахсони дар банди 3 ҳамин қарор зикршуда маблағҳои пулиро дар чорабиниҳои тантанавӣ, ки баргузориашон дар ноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст, супоранд.
6. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қаюмов А. пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайяншуда ба роҳ монад.
7. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои дахлдор андешанд.
8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ (Ҳакимзода А.У.), Муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, “Паёми Душанбе” (Рауфов С., Ҳусейнов Ш) ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкурро мунтазам тариқи васоити ахбори омма инъикос намоянд.
9. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М. гузошта шавад. 
 

                                                                                        Рустами Эмомалӣ