Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2017

 Дар бораи омодагӣ  ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар шаҳри Душанбе

                             

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ икистон  аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ»

                                           ҚАРОР      МЕКУНАМ:

 

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

        2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба саривақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бетаъхир нақшаҳои чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

         3. Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (Норов Ф.) чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъиноти гуногун (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот)-ро тибқи замимаи №2 дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаҳои тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истеъмолкунандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад.

         4. Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (Норов Ф.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (И.Сомонӣ – Самӣ Шариф, Шоҳмансур – Ҳакимзода Н.Ҳ., Сино – Салимзода Н.Ф., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ .А.) дар якҷоягӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.

       5. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези  Душанбе» тибқи замимаи №3 ҷиҳати омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмин намудани фаъолияти  мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

    6. Корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2, «Автобус-3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе мутобиқи замимаҳои №№4-8 нақшаи чорабиниҳои омодасозии корхонаҳои нақлиётиро то 1 ноябри соли 2017 амалӣ намоянд.

    7.  Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» тибқи замимаи №9 захираи маводи зарурӣ (ноқилҳои барқӣ, чароғҳои  равшанидиҳанда, васлкунанда) ва гузаронидани корҳои омодасозии шабакаи равшанидиҳӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти технологиро амалӣ намуда,  гузаронидани 2008 пешниёр Муа шавад.8 насб намудани  таъмини равшанидиҳии шаҳр ва фаъолияти нуқтаҳои тақсимотиро дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бо инобати сарфаҷӯии энергияи барқ ба роҳ монад.         

   8. Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ба роҳ мондани  фаъолияти самараноки сохторҳои шаҳрӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, баррасии фаврӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳои сокинони шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ситоди шаҳрӣ тибқи замимаи №10 таъсис дода шавад.

   8.1. Ҷаласаҳои сайёри ситодҳои шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд.

      8.2. Ба сардори ситод ҳуқуқ дода шавад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба  ҷаласаҳо даъват намояд.

     9. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввал ситодҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

   10. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.) тавассути воситаҳои ахбори омма қарори мазкур ва ҷараёни иҷрои онро пайваста инъикос намояд.

    11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳри Дущанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

                                                    

 

                                                                                       Рустами Эмомалӣ

 

 

 img/Zamima 1.doc

img/Zamima 2 Garmi.doc

img/Zamima 3 va 9.doc

img/Zamima 4 va 8.doc

img/Zamima 10 17-18.doc